Вохӯрии байналмилалии минтақавии роҳбарони таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақаи АвруОсиё доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 11 сентябри соли 2025 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии байналмилалии минтақавии роҳбарони таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақаи АвруОсиёи CANSO – «Third CANSO Euro-Asia ANSP’s CEO Summit» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Тоҷикаэронавигатсия» хабар доданд.
Дар ҷаласа самтҳои калидии рушди соҳа, аз ҷумла амалӣ намудани системаи идоракунии гардиши ҳаракати ҳавоӣ (ATFM) ва мубодилаи маълумот дар минтақа, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии интиқоли ҳавоӣ, инчунин ҳамоҳангсозии нишондиҳандаҳои асосии фаъолият (KPI) ва усулҳои муосири идоракунии бехатарии ҳаракати ҳавоӣ баррасӣ гардиданд.
Тибқи пешгӯиҳои EUROCONTROL ва IATA, Аврупо-Осиё то соли 2050 ба самти динамиктарини ҳаракати ҳавоӣ табдил хоҳад ёфт. Саҳми Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамчун корхонаи таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии минтақаи Осиё дар ин раванд муҳим арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади афзоиш додани парвозҳои транзитӣ, ташаккули стандарти нави сифат ва бехатарии аэронавигатсионӣ корхона таҷдиди техника ва технологияи аэронавигатсиониро зина ба зина амалӣ менамояд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






