«ЗАНОН ДАР ИҚТИСОДИ «САБЗ» ВА РАҚАМӢ». Дар шаҳри Гулистон Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Занон дар иқтисоди «сабз» ва рақамӣ» Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар форум беш аз 40 намояндаи давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Ҳадаф аз баргузории форум дастгирии ташаббусҳои занон дар соҳаи экология, технология ва соҳибкории устувор арзёбӣ гардид. Изҳор шуд, ки баргузории чунин форумҳо ба иштироки занон дар дигаргунсозии иқтисодӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мусоидат мекунад.
Мавзуи асосии форум аз тавонмандии занон дар рушди иқтисоди «сабз» дар Осиёи Марказӣ, соҳибкорӣ, роҳбарӣ дар самти иқлим, кишоварзии устувор, идоракунии захираҳои табиӣ, рақамикунӣ ва иқтисоди рақамӣ дар минтақа ва рушди малакаҳои рақамӣ иборат буд.
Форум ба платформаи муҳими минтақавӣ барои табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам табдил ёфта, ба иштироки фаъолонаи занон дар рушди устувор, рақамисозӣ ва рушди навоварӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шуд.
Тавсия ва пешниҳодҳое, ки аз ҷониби иштирокчиёни Форуми минтақавии Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баён гардид, барои истифодаи минбаъда дар банақшагирии стратегӣ ба мақомоти дахлдори миллӣ ва сохторҳои шарики байналмилалӣ ирсол карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 Муколамаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Дар он ҷо иштирокчиён дар мавзуъҳои «Идораҳои патентӣ ва нақши онҳо дар дастгирии навовариҳои занон» ва «Сармоягузорони миллӣ ва нақши онҳо дар рушди инноватсия дар байни занон» ибрози назар намуданд.
Бояд гуфт, ки 22 сентябр дар доираи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ барои меҳмонон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди занон тавассути санъат, анъана ва эҷодкорӣ барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумии занони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд. Зимни он меҳмонон бо маҳсули дасти занону духтарони тоҷик шинос гардиданд.
Форум бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамоҳангӣ бо шарикони рушд баргузор гардид.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон























Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






