ЗАНОН ВА СИЁСАТИ МИЛЛӢ. Дар ин мавзуъ ҳамоиши вакилзанон доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парлумони мамлакат таҳти унвони «Занон ва сиёсати миллӣ: таҷриба, дастовардҳо ва дурнамо» ҳамоиши вакилзанон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода мақсади ҳамоишро баррасии масъалаҳо вобаста ба нақш ва саҳми занон дар раванди сиёсии мамлакат, таҳким ва густариши демократия, баланд бардоштани мавқеи занон дар идоракунии давлатӣ, омода намудани занону духтарони лаёқатманд ҳамчун чеҳраи муваффақи сиёсӣ ва сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ унвон намуда, гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занон ҳамчун қишри фаъолу собитқадами ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Иброз гардид, ки ин ҳамоиш минбар барои мубодилаи таҷриба, таҳлили мушкилот ва дарёфти роҳҳои нав барои густариши ҳузури занон дар сиёсату идоракунӣ буда, суханрониҳо ва пешниҳоди иштирокчиён ба таври амалӣ ба пешрафти ҷомеа ва таҳкими нақши занон дар давлатдорӣ, рушди ақидаю иқдоми созанда ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ мусоидат менамояд.
Дар сиёсати миллии мо, ки бар пояи идеяҳои созандагӣ, ваҳдат ва адолати иҷтимоӣ устувор аст, занон ҳамеша мавқеи хосса доштаанд. Аз рӯзҳои нахустини истиқлолият то имрӯз бо ҳидояту пуштибонии Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими нақши занон дар ҷомеа, махсусан дар арсаи сиёсӣ аҳаммияти хосса зоҳир гардидааст.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра вакилзанон медали ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон









Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






