Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Мактаби замонавии бошукӯҳ дуошёна буда, аз ҷониби оилаи Бобозодаҳо ва бо саҳми дигар соҳибкорони меҳандӯсти деҳаи Рахшонзамин бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст.
Муассисаи таълимӣ Корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90 дар деҳаи Рахшонзамин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 оғоз гардида, дар муддати камтар аз як сол ва қабл аз муҳлати муқарраршуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 36 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла барои фанҳои химия, физика, математика, омӯзиши компютер, технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ҳамчунин аз китобхонаву толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар озмоишгоҳҳои мактаб асбобу айёниятҳои дарсӣ мавҷуд аст, ки хонандагон барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун аз онҳо босамар истифода мебаранд.
Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар гарданд.
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкасб гардонидани хонандагон асбобҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, мошинаҳои дӯзандагӣ ва дигар шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Духтарон баробари омухтани либосдӯзӣ, ҳамзамон бо роҳнамоии омӯзгорон метавонанд бо нозукиҳои касбу ҳунарҳои дигар низ бохабар шаванд.
Барои тарғибу ташвиқи бештари варзиш ва ба ин восита ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимии навбунёд толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои футболу волейбол ва 2 майдончаи варзишии дигар дар саҳни бино сохта шудааст.
Бо мақсади ташкил ва баргузор кардани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар таълимгоҳ толори барҳавои маҷлисӣ бо 160 ҷойи нишаст мавҷуд аст.
Маҷлисгоҳ бо мизу курсии босифат ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бо санъати миллии меъморӣ оро ёфтааст.
Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки дорои 60 ҷойи нишаст мебошад.
Дар мактаб барои таълиму тарбияи хонандагон 52 омӯзгори соҳибтахассус кору фаъолият менамоянд.
Мактаб дорои таҷҳизоти гармидиҳӣ мебошад, ки тариқи он синфхонаҳо дар фасли зимистон гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Данғара идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ сабзу хуррам буда, дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст, ки барои ташаккули ҳисси зебоипарастии хонандагон мусоидат менамояд. Суҳбаткадаҳои саҳни бино бошад, бо тарҳи ҷолиб омода шуда, намои зоҳирии муассисаи таълимиро боз ҳам диданӣ намудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






