27 октябр Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон баргузор карда мешавад.
Озмун завқи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён, пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор намуда, барои ихтироъкорию навоварӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Яке аз иштирокчиёни озмун донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Зулайхо Юсупова мебошад. Ӯ дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» иштирок намуда, малҳами «Сипар»-и аз гиёҳҳо омодакардаашро пешниҳод намуд, ки барои муолиҷаи бемориҳои рагу устухонҳо муфид аст.
Зулайхо Юсупова ҳамзамон ғолиби ҷойи аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз номинатсияи хондан ва аз худ кардани осори адибони ҷаҳон мебошад. Зулайхо 1 сентябри соли 2024 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, ваъда додааст, ки омӯзишашро дар самти гиёҳҳои шифобахши мамлакат идома дода, ба ин васила дар соҳаи тиб барои муолиҷаи бемориҳои артрит, артроз ва ревматизм саҳм мегузорад. Зулайхо китобҳои зиёдеро дар бораи алафҳои шифобахш, ба мисли «Канзи шифо»-и Ҳомидҷон Зоҳидов ва «Ал-қонун»-и Абуалӣ ибни Сино мутолиа кардааст.
Хонандаи синфи 10-и Литсей ба номи Темур Собиров дар шаҳри Ваҳдат Шараф Иброҳимзода дар номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» аввалин системаи интеллектуалии муҷаҳҳаз бо зеҳни сунъиро коркард намудааст. Истифодаи он дар идора ва ташкилоту муассисаҳо ба хотири осон шудани кор пешбинӣ шудааст.
«Ин система бо истифодаи технологияи пешрафтаи дунё RBM (Role-Based Access Control) омода шуда, ҳама корбаронро ба қисмҳои мухталиф тақсим карда, ҳар касро дар вазифаи муайян маҳдуд мекунад. Масалан, дар соҳаи соҳибкорӣ корро осон намуда, ба истифодабарандагон омори дурусту дақиқ пешниҳод мекунад. Давоми ду моҳ аст, ки барнома дар якчанд нуқтаи фурӯши бозори “Корвон” мавриди истифода қарор дорад. Ба воситаи телефон кормандон корҳои иҷронамудаашонро ба қайд мегиранд ва роҳбар метавонад ин равандро назорат ва идора кунад», -мегӯяд барномасоз.
Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ имкон дод, ки садҳо нафар сокинон қобилият ва истеъдодашонро дар бахшҳои гуногуни илму фарҳанг пешниҳоди аъзои ҳакамон намоянд.
Яке аз ҳакамони номинатсияи технологияи иттилоотии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» Исроил Саидзода иброз медорад, ки сол то сол теъдоди иштирокчиёни озмун афзуда, сатҳи дониши онҳо низ хубтар мегардад. «Санҷиш аз номинатсияи технологияи иттилоотӣ дар ду бахш сурат мегирад: назариявӣ ва амалӣ. Дар қисмати назариявӣ мисолу масъалаҳо дар шакли тестӣ пешниҳод карда мешаванд. Ҳар иштирокчӣ ба саволҳо ҷавоб менависад ва аъзои ҳакамон ба он баҳо мегузоранд. Қисмати амалӣ муҳим арзёбӣ гашта, он дар назди иштирокчӣ санҷида мешавад ва шаффофияти озмун низ дар ҳамин падидор мегардад. Яъне, иштирокчӣ натиҷаи амалии барномаашро худаш мебинад», -изҳор дошт Исроил Саидзода.
Бояд иброз намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) баргузор карда шуда, барои гузариш ба низоми рақамӣ заминаи муҳим мегузорад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 60 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифт
Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун оғоз шуд
Доир ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ҷаласа баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун доир шуд
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид






