35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳарчи бештар ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷовонон бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим санги асоси Литсейи касбии техникӣ гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Литсейи касбии техникӣ дар Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим дар доираи ҳамкории мутақобили судманди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.
Литсей аз се ошёна иборат буда, дар он бунёди синфхонаҳо, устохонаи таълимӣ-истеҳсолӣ, маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир ва хобгоҳ ба нақша гирифта шудааст. Литсей аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳандисони ояндасоз» ба маблағи умумии 11 миллиону 042 ҳазору 823 сомонӣ дар муддати як сол сохта, ба истифода дода мешавад.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим бо изҳори хушнудӣ аз оғози сохтмони Литсейи касбии техникӣ миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






