35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соҳили Сирдарё ба минтақаи истироҳатию фароғатӣ табдил дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи истироҳатии соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд корҳои навсозӣ босуръат идома ёфта, соҳили дарё ба минтақаи истироҳатию фароғатии замонавӣ табдил дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз пули хиёбони Исмоили Сомонӣ то пули «Ҷашнӣ» роҳрави нав бо дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр бунёд гардидааст. Дар ин мавзеъ таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳои замонавӣ ва равшанидиҳии шабона насб карда шуда, шабонгоҳон садҳо нафар аз имконоти ин макон баҳра мебаранд.
Дар айни замон корҳои бунёдию ободонӣ аз пули асосии шаҳри Хуҷанд сар карда, то Боғи Ғалаба идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






