50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд

Октябрь 7, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ» маркази ноҳия ва 7 деҳаи атрофи он- дар маҷмуъ 50 ҳазор аҳолии ноҳия ба таври шабонарӯзӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) 8 августи соли 2024 байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мазкур созишномаи грантӣ ба маблағи умумии 14 миллион доллари ИМА ба имзо расид.  Вобаста ба ин 15 сентябри соли раовн дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ» санги асос гузошта шуд.

Тавре аз Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ изҳор доштанд, ин ҳамкории судманд бо шарикони рушд ва ҳампаймони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи  сиёсати бобарор ва судманди хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ  ба миён омада, пайваста густариш меёбад.

Корҳои сохтмонии лоиҳа моҳи сентиябри соли равон оғоз гардида, соли 2027 ба анҷом расонида мешаванд. Дар натиҷаи татбиқи босамари Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ» 50 ҳазор аҳолӣ бо оби ошомидании тоза таъмин мегарданд.

Бояд иброз намуд, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки молиявии шарикони рушд  дар ҷумҳурӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амал мекунанд. Ин иқдом давоми мантиқии  татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028 ва ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Он ба рушду пешрафт, шукуфоии мамлакат ва беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат равона  шудааст.

Дар асоси «Барномаи рушди хоҷагии коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» ва дар доираи «Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025» дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳаву деҳкадаҳои ҷумҳурӣ ба оби ошомиданӣ нисбат ба соли 2020   964 ҳазору 145 нафар зиёд гардидааст.

Корхонаҳои соҳаи обтаминкунӣ ва обҳои партови тобеи низоми Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи якуми соли равон ба истифодабарандагон ба миқдори 43 миллиону 574,4 метри кубӣ оби нӯшокӣ интиқол додаанд.

АКС: Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд