Ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус мулоқот намуд

Октябрь 8, 2025 15:23

ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус ба тариқи маҷозӣ мулоқот намуд. Зимни он табодули таҷриба ва сафарҳои расмии ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии ду давлат муҳим арзёбӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, зимни мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Шермуҳаммад Шоҳиён оид ба ҳамкории гуногунҷанбаи ҳарду давлат, бахусус ҳамкории байнипарламентӣ давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварҳо ибрози андеша намуд. Ҳамзамон доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кард.

Иброз гардид, ки ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ, рушди технологияи зеҳнӣ ва навовариҳои техникӣ, амният, маориф ва фарҳангу гуманитарӣ чашмрас мебошад.

Муносибатҳои байнипарламентии ҳарду давлати дӯст дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил минбаъд низ рушду таҳким меёбанд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 8, 2025 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон