Ҳайати ҳокимияти судии Тоҷикистон дар Женева дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд

Октябрь 16, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14-15 октябр ҳайати ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода дар шаҳри Женева дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи форум бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти моликияти зеҳнӣ ва табодули таҷриба бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ вохӯрии муовини директори генералии Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) бо Раиси Суди Олии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳалли баҳсҳои судӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, зарурати такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши судяҳоро баррасӣ намуданд.

АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 16, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон