Ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мавлоно на танҳо шоир ва мутафаккири замони худ буд, балки ӯ бо андешаҳои оламшумул инсонро ба сӯи худшиносӣ ва маърифати ҳақиқӣ ҳидоят менамояд. Чунин таъкид гардид дар хамоиши илмӣ-фарҳангие, ки имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир ба шахсият, осор ва таълимоти ин орифи бузурги Шарқ сухан гуфта шуд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо асарҳои безаволи худ, аз ҷумла «Маснавии маънавӣ», «Девони Кабир» ва «Фиҳӣ мо фиҳӣ» на танҳо адабиёти тоҷик, балки фарҳанги умумибашариро низ ғанӣ гардонидааст.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Исломбек Зоирзода иброз дошт, ки «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо андешаҳои сулҳпарварона, инсондӯстона ва маърифатпарваронаи худ имрӯз низ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи ибрат аст. Ӯ бо шеърҳои оламшумул ва андешаҳои ирфонӣ тавонист мардумро ба муҳаббат, ваҳдат ва хизмат ба инсон роҳнамоӣ кунад».
Иштирокдорони ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ иброз намуданд, ки осори Мавлоно бо мафҳуми умумибашарии худ имрӯз ҳам аҳамияти бузург дошта, барои ҷомеаи муосир ҳамчун манбаи ҳикмату маърифат хизмат мекунад. Андешаҳои инсонпарваронаи Мавлоно барои тарбияи маънавии насли ҷавон ва таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ дар ҷомеа нақши калидӣ доранд. Мавлоно инсониятро ба муҳаббат, ростӣ ва эҳтироми якдигар даъват менамояд, ки ин арзишҳо имрӯз беш аз ҳар вақти дигар муҳим мебошанд.
Дар ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ донишҷӯён ғазалиёт ва маснавиҳои Мавлоноро қироат намуда, инчунин оҳангҳои классикӣ садо доданд.
Таҷлили Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баёнгари таваҷҷуҳи ин боргоҳи илму маърифат ба мероси гаронбаҳои фарҳангию маънавии халқи тоҷик ва нақши он дар тарбияи маънавии ҷавонон арзёбӣ мегардад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






