Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид

Октябрь 27, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2025/АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ба устодону шогирдони ҳашт мактаби тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё китобҳои бадеӣ тақдим гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Дар маросими супоридани адабиёти бадеӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва меҳмонон, аз ҷумла Раиси Маркази фарҳангии «Ориёно», адибону хабарнигорон аз рӯзномаи «Овози тоҷик», зиёиёни шаҳри Тошканд ва вилояти Қашқадарё иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки як қисми китобҳоро соҳибкори тоҷики муқими шаҳри Тошканд Мурод Мақсудов харидорӣ карда, ба Сафорат тақдим намудааст.

Дар маросими супоридани адабиёти бадеӣ таъкид гардид, ки ҳамкории илмию фарҳангӣ байни ду давлат дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарони олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз пеш густариш меёбад. Сиёсати пешгирифтаи сарони ду ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя дар таҳкими дӯстию бародарӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар мусоидат менамояд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Октябрь 27, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид