Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд

Октябрь 7, 2025 10:25

ДУШАНБЕ, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи қабули қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  ба Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таҷҳизот ва лавозимоти озмоишӣ ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.

Ин таҷҳизот, ки ба ҳифзи пиряхҳо, таъмини амнияти обӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим равона шудааст, дар доираи ҳамкории байналмилалӣ амалӣ гардида, ба рушди илмҳои марбут ба муҳити зист ва криосфера мусоидат мекунад.

Таҷҳизоти воридшуда ба пешрафти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, воситаҳои таҳқиқоти саҳроӣ, омӯзиши криосфера, пиряхҳо, яхбандиҳои Помир ва дигар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Мутахассисон «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»  имкон доранд, ки ба воситаи ин таҷҳизот ва лавозимот бо дақиқияти баланд тағйирёбии иқлим, лағжиши пиряхҳо ва хатари офатҳои табииро таҳлил намоянд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаҳои байналмилалӣ бо ҳадафи таҳкими сатҳи илм дар Тоҷикистон ва дастгирии таҳқиқот дар самти омӯзиши пиряхҳо амалӣ карда мешаванд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 7, 2025 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид