Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд

Октябрь 2, 2025 19:10

ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами забоншиносии муосир ва рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иброз гардид, ки ин сана аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамчун рамзи эҳёи асолати фарҳангӣ, нишонаи ҳувият ва пояи давлатдории тоҷикон шинохта мешавад.

Рӯзи забони давлатӣ ҳастии миллат, таҷассуми ҳамбастагии таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳувияти тоҷикон аст. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки забони ноби тоҷикӣ мавқеи худро ҳамчун забони расмӣ ва шоҳсутуни давлатдорӣ соҳиб гардад. Имрӯз ин забон бо кӯшиши давлату ҳукумат дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона мавриди истифода қарор гирифта, боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳ ва ватандӯст мебошад.

Иштирокчиён бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таърихи пурифтихор забони тоҷикиро василаи пайванди наслҳо, равзанаи тамаддуни Шарқ ва манбаи илҳом барои пажӯҳишҳои забоншиносию фарҳангшиносӣ арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи иртибот, балки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии миллӣ, рамзи таърих ва ифтихори миллӣ мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Октябрь 2, 2025 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид