Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Октябрь 6, 2025 13:25

ДУШАНБЕ, 06.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Ёддошти тафоҳум аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода ва президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбук О-Бонг Янг имзо гардид.

Ҷонибҳо зимни имзои ёддошти тафоҳум доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ изҳори назар намуда, аз ҷумла ба баргузории конфронсҳои байналмилалии муштарак, ташкили даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, табодули донишҷӯёну устодон ва тавсеаи робитаҳои минбаъда изҳори ризоият карданд.

Ҳамзамон президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея О-Бонг Янг бо унвони ифтихории «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ин иқдом дар заминаи густариши ҳамкории дуҷониба амалӣ гардида, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳсилотӣ нақши калидӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки унвони ифтихории «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон имсол таъсис дода шуда, бори нахуст ба президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбук О-Бонг Янг супурда шуд.

Донишгоҳи миллии Ҷонбук яке аз донишгоҳҳои пешсаф ва бонуфузи давлатии Ҷумҳурии Корея ба шумор рафта, ҳоло дар он зиёда аз 30 000 донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико мебошанд.

Донишгоҳи миллии Ҷонбук дар самти рушди илмҳои муосир, таҳқиқоти инноватсионӣ ва татбиқи технологияҳои навин нақши муҳим дорад. Лабораторияҳо ва марказҳои таҳқиқотии он бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, муҳаққиқон ва донишҷӯёнро ба фаъолияти илмӣ ва амалии сатҳи байналмилалӣ ҷалб менамоянд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Октябрь 6, 2025 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид