Бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе ба 193 нафар мураббиёну омӯзгорони пойтахт мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 ҳазор сомонӣ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 193 нафар мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт, ҳар кадоме бо 3000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии мураббиён ва омӯзгорон, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа амалӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад, ки имсол он ба 5 октябр рост омад. Бо назардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат пуршукуҳ таҷлил мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу эҳтироми бепоён ва ихлосмандии хосса доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва рисолати устод дар ҷомеа чунин таъкид доштаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат ва гармии дили худро бе дареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».
Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақилият ворид намуд. Омӯзгорон машғулияти худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд, ки зимни ин барои тарбия ва худшиносии насли наврасу ҷавон имконияти бештар фароҳам омад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






