БОКС. Варзишгарони навраси тоҷик ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои ИДМ-2025 роҳ ёфтанд

Октябрь 2, 2025 18:10

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 28 сентябр дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи 22 намуд ҷараён доранд, ки то 8 октябр идома меёбанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 муштзани навраси тоҷик ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз макони баргузории бозиҳо иттилоъ додааст.

Варзишгари навраси тоҷик Амир Нозимов дар вазни 75 килограмм дар рақобати аввал бар намояндаи мизбон Ниҷат Иманов ғолиб омада, ба даври нимниҳоӣ баромад. Беҳрӯз Умаров дар вазни 50 килограмм дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ба муқобили намояндаи Беларус Рамил Ҳурбанау пирӯзӣ ба даст овард. Дамир Назаров дар вазни 46 килограмм дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ намояндаи Туркманистон Салим Мередовро мағлуб намуд. Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 килограмм дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ намояндаи Русия Анвар Жалбуровро мағлуб намуда, ба даври нимниҳоӣ баромад.

Инчунин Акбарҷон Абдуллоев дар вазни 57 килограмм дар даври чаҳорякниҳоӣ бар намояндаи Қирғизистон Алихан Эргешов ғолиб шуд. Умарҷон Асроров дар вазни 66 килограмм дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ намояндаи Озарбойҷон — Даниз Зайналовро мағлуб карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ расид. Фурӯғ Сарҳадзода дар вазни 66 килограмм ба муқобили намояндаи мизбон дар рақобати духтарон ғолиб омада, ба марҳилаи нимниҳоӣ баромад.

Ин нишони он аст, ки новобаста аз натиҷаи баъдӣ муштзанҳои мо дар Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил -2025 соҳиби 7 медали биринҷӣ мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 2, 2025 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад