Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?

Октябрь 8, 2025 10:18

ДУШАНБЕ, 08.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тарофаи «Биё! Бисоз Life 2.0» ба муштарӣ имкон медиҳад, ки мустақилона бастаи хизматрасонии худро «бисозад».  Чӣ тавр ин корро аз дилхоҳ нуқтаи мамлакат метавон амалӣ намуд? Замимаи мобилии “МегаФон Life” – дар хизмати мизоҷони ширкати ”МегаФон Тоҷикистон”. Доир ба тарзи истифодаи он барои идора кардани тарофа муфассалтар маълумот медиҳем. 

  1. Замимаи «МегаФон Life»-ро боргирӣ намуда, ба кор дароред.

Замимаи мобилии «МегаФон Life»-ро аз App.Store ё life.tj боргирӣ намоед. Онро дар смартфони худ фаъол карда, бо истифода аз рақами телефон ва парол ё тариқи SMS-рамз вориди он шавед. Истифодабарандагоне, ки дар дастгоҳҳояшон замима аллакай фаъол аст, бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки замима то намунаи охирин нав карда шудааст. Огоҳиҳо оид ба навкунии замима дар аломати зангӯла, дар қисми рости болоии экран инъикос меёбанд. Намунаи охирини замимаро инчунин дар қисми “Боз ҳам”-и тарафи рости поёни экран метавон пайдо кард. Рақами намуна дар поёни экран нишон дода шудааст.

  1. Ба қисми “Тарофаи ман” гузаред 

Дар феҳристи асосӣ банди «Тарофаи ман»-ро интихоб карда, сипас «Дастрас» ва «Сохтани тарофа»-ро пахш кунед. Дар ин ҷой ҳама вариантҳои дастраси таркиби бастаи хизматрасониҳои алоқа инъикос меёбанд.

  1. Бастаи мувофиқро «бисозед»

Вариантҳои пешниҳодгардидаро омӯзед ва миқдори зангҳо, SMS ва мегабайтҳоеро, ки маҳз барои шумо заруранд, интихоб намоед.

Ҳаҷми камтарини хизматрасониҳо дар тарофа аз 50 дақиқа барои зангҳо ба рақамҳои операторони дигари мобилии ҶТ, 15 ГБ интернет, интернети бемаҳдуди шабона аз 00:00 то 06:59, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, инчунин хизматрасонии Оила ТВ ва Онлайн-кинотеатр ИВИ иборат мебошад. Арзиши чунин баста ба 65 сомонӣ баробар аст.

Ҳаҷми аз ҳама зиёди хизматрасониҳо дар тарофа 500 дақиқа барои зангҳо ба операторони дигар, 300 SMS дар ҶТ, 150 ГБ интернет, интернети бемаҳдуди шабона, хизматрасонии Оила ТВ ва Онлайн-кинотеатрро дар бар мегирад. Арзиши баста 358,5 сомониро ташкил медиҳад. 

  1. Бастаро пайваст кунед

Пас аз он, ки таркиби баста пурра ба талаботи Шумо мутобиқ карда мешавад, тугмаи «Пайвасткунӣ»-ро пахш кунед. Тарофаи “Биё! Бисоз Life 2.0” дар намунаи барои шумо зарурӣ фаъол карда мешавад. Барои муносибгардонии имконияти муштариён инчунин функсияи азнавпайвасткунии тарофа дастрас мебошад.

  1. Огоҳиро оид ба фаъолшавӣ интизор шавед

Одатан тарофа дарҳол тағйир меёбад, лекин баъзан ин раванд якҷанд дақиқаро гирифта метавонад. Баъди фаъолкунии муваффақона шумо SMS-и тасдиқиро қабул менамоед.

Муҳим!

Барои пайвасткунии бастаи интихобнамуда дар ҳудуди минтақаи фарогирии шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» қарор бояд дошт. Бақияи маблағи тавозуни худро барои пайвасткунии муваффақона назорат намоед. Якчанд варианти нави тарофа танҳо барои муштариёни нав дастрасанд ва ҳангоми риоя шудани шартҳои оператор маълумот доир ба онҳо дар замима инъикос хоҳанд ёфт.

Тарофаҳоро ба идораи хизматрасонӣ нарафта, зуд ва тавассути замимаи “МегаФон Life” пайваст намоед!

Октябрь 8, 2025 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд