Дар Давҳа масъалаи омодасозии мутахассисон барои бозори меҳнат баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Давҳа мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо вазири маориф ва таҳсилоти олии Давлати Қатар Лулва бинти Рошид Ал Хотир баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи омодасозии мутахассисон барои бозори меҳнатро баррасӣ намуданд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсилоти касбӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаи маориф ва шуғл мубодилаи назар намуданд.
Инчунин тарафҳо имконияти ҷалби мутахассисони тоҷик ба бозори меҳнати Давлати Қатар ва роҳҳои тақвияти робитаҳои дуҷониба байни муассисаҳои таълимии ҳарду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва иртиботи сатҳи олии роҳбарони ду давлат заминаи боэътимод барои тавсеаи ҳамкории минбаъда мегардад.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Қатар








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






