Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази таълимии «Иқтисоди сабз» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Маркази таълимии «Иқтисоди сабз» (GREEN DEAL) таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ хабар доданд.
Марказ бо таҳҷизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, устодон раванди дарсро тавассути усулҳои муосири таълимӣ ба роҳ мондаанд.
Маркази таълимии «Иқтисоди сабз» бо мақсади мусоидат ба рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи принсипҳои иқтисоди “сабз” дар минтақа таъсис дода шудааст.
Маркази «Иқтисоди сабз» ҳамчун платформаи таҳлилӣ ва амалии донишгоҳ фаъолият намуда, ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва сиёсати миллии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад.
Фаъолияти чунин марказҳо дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба рушди илм ва технология, баланд бардоштани рақобатпазирии кадрҳои илмӣ ва татбиқи инноватсияҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудааст.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






