Дар Душанбе ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои аъзои ИДМ ба кори худ оғоз намуд

Октябрь 3, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба кори худ оғоз намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  иброз намуд, ки   қарорҳои дар ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабулшуда дар  рушд, таҳкими ҳамкорӣ  ва ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  нақши муҳим хоҳад гузошт.

Дар назар аст, ки дар ҷаласа масъалаҳои таҳкими ҳамкории  давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самтҳои асосии рушди соҳаи тандурустӣ дар фазои ИДМ, аз ҷумла барқарорсозии тиббӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ, инноватсияҳо дар ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ва қонунгузории намунавӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар нишаст инчунин масъалаҳои  иҷрои қарорҳои мақомоти олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштарак, фаъолияти Маҷлиси байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим оид ба такмили қонунгузории намунавӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори ҷаласаи 37-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 7-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид,   мутобиқи Низомномаи Шуро,  раисии он дар соли  равон ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда буд.

Дар ҷаласа ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, баланд бардоштани савияи касбии кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, натиҷаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар соли 2024 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар назар аст, ки иштирокдорони ҷаласа бо мавзеъҳои фарҳангию таърихии Тоҷикистон   ва муассисаҳои тиббии  ҷумҳурӣ  шинос шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд