Дар Душанбе ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ доир шуд

Октябрь 9, 2025 22:00

ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода, ба таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкории иқтисодӣ, гуманитарӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба иштирокдон дар бораи рӯйдодҳои асосӣ, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил татбиқ шуданд, маълумот пешниҳод намуд.

Аҳамияти талошҳои ҳамоҳангшуда барои муқовимат бар зидди хавфу таҳдидҳои замони муосир, ҳамчунин баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои таҳкими амнияти минтақа таъкид карда шуд.

Таваҷҷуҳи хосса ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шароити мутобиқшавӣ ба воқеияти муосир зоҳир гардид.

Вазирон инчунин аҳамияти тавсеаи ҳамкории амалиро дар самтҳои афзалиятнок таъкид намуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа баррасии муроҷиати Созмони ҳамкории Шанхай оид ба дарёфти мақоми нозир дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таъсиси қолаби нави ҳамкорӣ «ИДМ +» буд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳои дахлдор оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таъмиқи ҳамкории бисёрҷанбаи кишварҳои узви Иттиҳод қабул гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2025 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид