Дар Душанбе доир ба асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди «сабз» ҳамоиш баргузор гардид

Октябрь 2, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода дар мавзуи «Парламент ва иқтисоди даврӣ дар Тоҷикистон: асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди «сабз»» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иброз гардид, ки мо дар шароити буҳрони сегонаи хавфи экологӣ — тағйирёбии иқлим, коҳишёбии гуногунии биологӣ ва ифлосшавии муҳити зист зиндагӣ дорем. Барои шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мамлакати аз лиҳози таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир арзёбӣ гардидааст, масъалаи устуворӣ ба ин гуна буҳрони экологӣ ба авлавияти стратегӣ табдил ёфтааст.

Афзоиши аҳолӣ, рушди саноат, васеъшавии сохтмон ва зиёдшавии воситаҳои нақлиёт боис гардидааст, ки ҳаҷми партовҳо босуръат афзоиш ёбад.

Рушди  иқтисоди «сабз» ва иқтисоди даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодӣ ва экологӣ маҳсуб шуда, бо мақсади расидан ба рушди устувор ва коҳиш додани таъсири манфии иқтисод ба муҳити зист татбиқ мешаванд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд