Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд. Дар форум роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, коршиносону муҳаққиқон, доираҳои дипломатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории форум.
Форуми мазкур дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар ҳошияи Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 9–10 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардиданд, баргузор шуд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни ифтитоҳи форум изҳор дошт, ки «имрӯз муносибатҳои Русия бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хусусияти шарикии стратегӣ доранд. Сарфи назар аз равандҳои мураккаби солҳои охир, ба ҳеҷ кас муяссар нашуд, ки мамлакатҳои моро парешон кунад. Боварии дуҷонибаи сиёсӣ бар хилофи баъзе интизориҳо, ба рушди босуръати тиҷорат ва густариши муносибатҳои бисёрҷониба мусоидат мекунад».
«Мо бовар дорем, ки сарфи назар аз тағйирот дар вазъияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба таҷрибаи пурарзиши се даҳсолаи охир эътимоди сиёсии сатҳи баланд, ҳамкории мутақобилан судмандро тавсеа бахшида, дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ муштаракан нақши мусбат хоҳанд дошт»,-гуфт Хайриддин Усмонзода.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» бо фароҳам овардани фазои муколамаи таҳлилӣ ва касбӣ, ҳадафҳои сиёсиро бо муҳтавои илмӣ ва стратегӣ ғанӣ мегардонад, ки барои таҳияи ҳалли дарозмуддат замина мегузорад.
Форум то бегоҳии имрӯз идома ёфта, дар ҷараёни он масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла робитаҳои гуногунсамтаи стратегӣ, дурнамои рушди ҳамкории иқтисодӣ, таҳкими суботи минтақавӣ, масоили вобаста ба об, иқлим ва энергетика ва густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, забон ва илм мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Бояд гуфт, ки форум бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳамкории шарикони рус ва дастгирии сохторҳои дахлдори давлатии мамлакат ташкил гардид.
Дар натиҷаи кори форум дидгоҳу пешниҳодҳои амалие таҳия хоҳанд шуд, ки ба таҳкими шарикии стратегии байни Федератсияи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 10 октябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҳамоиши сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил -Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок намуданд.
АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






