Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Русия — Осиёи Марказӣ: рӯзномаи рушди муштарак» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Русия-Осиёи Марказӣ: рӯзномаи рушди муштарак» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар форум роҳбарон ва намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, сафирон, коршиносону муҳаққиқон ва намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Форуми дуюми коршиносии «Русия-Осиёи Марказӣ: рӯзномаи рушди муштарак» дар Китобхонаи миллӣ, соати 9:00 оғоз мегардад. Дар кори форум мавзуъҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим, нооромиҳои глобалӣ, мушкилоти умумӣ дар самти субот, иқтисод, энергетика ва логистика мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






