Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 26.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf» маросими имзои расмии Консорсиуми сармоягузории «Area AI» баргузор гардид, ки оғози нахустин Минтақаи махсуси зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон мебошад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Консорсиуми «Area AI» ширкатҳои пешбари байналмилалиро дар соҳаи зеҳни сунъӣ муттаҳид намуда, ҳадаф дорад Тоҷикистонро ба маркази минтақавии рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон табдил диҳад.
Лоиҳаи «Area AI» нахустин минтақаи махсус дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки пурра ба таҳия, озмоиш ва татбиқи барномаҳо ва ҳал дар асоси зеҳни сунъӣ бахшида шудааст.
Ин ташаббус идомаи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки дар он зарурати ташаккули механизмҳои ҷаҳонии худтанзимкунӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ таъкид гардидааст.
Консорсиум ҳамчун иттиҳоди идоракунанда амал намуда, ширкатҳо, марказҳои илмӣ ва стартапҳоро муттаҳид месозад, то экосистемаи нави технологӣ дар Тоҷикистон бунёд ёбад.
Ба ҳайати он ширкатҳое дохил шудаанд, ки ҳоло аз Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ маҳсули зеҳни сунъии худро содир мекунанд, аз ҷумла «zypl.ai», «epsilon3.ai», «zehnlab.ai», «darya.ai», «Qulla AI» ва ширкатҳои хориҷӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Амороти Муттаҳидаи Араб, Сингапур, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқистон ва Узбекистон.
Инчунин дар доираи конфронси байналмилалӣ Тоҷикистон бо ширкатҳои пешбари технологӣ аз Иёлоти Муттаҳида Амрико, Амороти Муттаҳидаи Араб, Фаронса, Қатар ва Арабистони Саудӣ созишнома ба имзо расонид. Тибқи ин созишномаҳо таъсиси озмоишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотии зеҳни сунъӣ пешбинӣ гардидааст.
Ташаббуси «Area AI» баёнгари ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба рушди устувор ва технологияҳои оянда мебошад, ки нақши кишварро ҳамчун пешсаф дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва маркази нави технологиро дар ҷаҳон таҳким мебахшад.
Моҳинави НАВРӮЗ
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






