Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» бо мақсади пешгирии партовпартоӣ дар ҷойҳои муайяннашуда ва ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Ин тадбир дар асоси муроҷиати шаҳрвандон барои дар ҷойи муайяннашуда гузоштани партов аз ҷониби шахсони алоҳида андешида шуда, дурбини назоратӣ дар буриши кӯчаи «Фирдавсӣ» ва «Ҳаким Карим»-и назди идораи Суди шаҳри Хуҷанд насб карда шуд. Он минбаъд ба тариқи мустақим ҳодисаҳои қонуншиканиро ба қайд гирифта, ба телефони боварии шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд интиқол медиҳад.
Дар асоси маълумоти дурбинҳои назоратӣ тибқи талаботи қонунгузории муҳити зист нисбат ба нафарони қонуншикан чораҷӯйӣ карда мешавад.
Дар назар аст, ки чунин дурбинҳои назоратӣ дар дигар мавзеъҳои шаҳр низ гузошта шаванд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






