Дар милитсияи пойтахт Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи касбии кормандони оперативиро таҷлил намуданд

Октябрь 4, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи касбии кормандони оперативӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода, мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Аҳтамзода ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ иштирокдорон доир ба эҳтиром ва бузургдошти забони давлатӣ сухан гуфтанд. Таъкид карда шуд, ки маҳз забон дар тӯли таърих нигоҳдорандаи арзишҳои миллию фарҳангӣ ба шумор меравад.

Дар идома доир ба фаъолияти кормандони оперативии милитсия ва саҳми онҳо дар ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон андешаронӣ карда шуд.

Ҳамзамон дар доираи озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» ва бо назардошти натиҷаҳои назарраси корӣ як зумра кормандони сохторҳои оперативии милитсияи пойтахт бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Октябрь 4, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд