Дар шаҳри Левакант нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳии даъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ дар шаҳри Левакант иҷро шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Левакант хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маъракаи гусели даъватшавандаҳо имрӯз дар ин шаҳр бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, ҷавонони далеру шуҷоъ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гусел карда шуданд.
Раиси шаҳри Левакант Мастура Муминзода ба волидайни даъватшавандаҳо барои тарбияи фарзандони ватандӯсту ҷасур миннатдорӣ баён карда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро қарзи ҳар ҷавонмарди ватандӯст арзёбӣ намуд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба даъватшавандаҳое, ки аз даврҳои омӯзиши ронандагӣ гузаштаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд. Инчунин барои даъватшавандаҳо дастархони идона ороста шуда, аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳр базми хотирмон ташкил карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






