Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент барои беш аз 7000 метр канал 2 пойгоҳи обкашӣ барқарор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои барқароркунӣ оғоз гардидаанд, ки давоми 4 моҳ идома меёбанд.
Маблағи лоиҳа 3 миллион сомонӣ буда, дар натиҷаи барқарор гардидани канал ва пойгоҳҳо беш аз 200 гектар замин обёрӣ карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






