Дар Тоҷикистон шумораи аҳолии аз 100-сола боло 415 нафарро ташкил медиҳад

Октябрь 1, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то моҳи июли соли 2025 шумораи аҳолии аз 100-сола боло 415 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати назорати нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Саъдулло иттилоъ дод.

Дар Тоҷикистон дарозумртарин нафарон сокини ноҳияи Дарвоз Марзиямоҳ Ибодоваи 120-сола (соли таваллудаш 1905) ва сокини ноҳияи Данғара Гулракат Назароваи 117-сола (соли таваллудаш 1908) мебошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар Тоҷикистон 306 шаҳрванди аз 100-сола боло умр ба сар мебаранд, ки аз ин 169 нафар мард ва 137 нафар зан мебошанд.

Ҳамчунин дар ин давра дарозумрии миёнаи аҳолӣ ба 76,6 сол расидааст.

Дарозумрии миёнаи аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст, ки инро масъулин ба беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва хизматрасонии тиббӣ барои куҳансолон рабт медиҳанд.

Тибқи пажӯҳишҳои Созмони Милали Муттаҳид, сабабҳои зиёд шудани умри инсон рушди иқтисодӣ, кам шудани фавти кӯдакон, кам шудани фавт дар байни аҳолии қобили меҳнат, коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот ва тамоку, «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи муваффақона бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла инсулт); кам гаштани шумораи куштор ва худкушӣ мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст