Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Фарғона дар Узбекистон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар Ҷумҳурии Узбекистон дар асоси созишномаҳои байниҳукуматии сарони се давлат- Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, ки 31 марти соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буданд, Форуми сулҳи Фарғона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд итилоъ доданд.
Ҳадафи Форуми сулҳи Фарғона таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Баргузории он мардумони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистонро боз ҳам наздиктар менамояд.
Дар форум гуфта шуд, ки саҳми сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар таҳкими дӯстии халқҳо ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа муҳим мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз минтақаҳои рушдёфтаи Тоҷикистон буда, бо вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Тошканд ва дигар минтақаҳои Узбекистон, инчунин бо вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамкории зич дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






