Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони марказ ва муҳаққиқони соҳа таҳти унвони «Нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ҷойгоҳ ва аҳаммияти забони тоҷикиро дар низоми давлатдории миллӣ ва раванди рушди иҷтимоию сиёсӣ таъкид намуда, сиёсати забонӣ ва тадбирҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таҳкими забони давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки «забони модарии мо, ки дорои таҷрибаи таърихӣ ва захираи ғании луғавӣ мебошад, давоми ҳазоронсолаҳо шакл гирифта, имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа имкони фарогирӣ ва истифода дорад. Бо фароҳам омадани Истиқлоли давлатӣ барои рушди забон дар ҳама арсаҳо шароити ҳуқуқӣ ва сиёсӣ муҳайё гардид ва дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими забони давлатӣ пайваста чораҳои мушаххас ва амалии судмандро ба роҳ мемонад».
Дар ин раванд давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030», ки 29 ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» равона карда шудааст.
Риояи меъёрҳои нави имло дар ҳуҷҷатгузории расмӣ, мукотибаи давлатӣ, маводи илмӣ ва воситаҳои ахбори омма на танҳо ба таҳкими низоми забони адабӣ мусоидат менамояд, балки барои ҳифзи воҳидии услуби забон ва пешгирии ихтилофоти имлоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Татбиқи ин қоидаҳо дар раванди таҳия ва истифодаи истилоҳот, навиштани номҳо, калимаҳои мураккаб ва унсурҳои сарфию наҳвии забон нақши муҳим дошта, сатҳи саводнокии умумии ҷомеаро боло мебарад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ барои тавсифи мафҳумҳои иқтисодӣ дорои иқтидори кофӣ мебошад. Барои таҳкими мавқеи он дар ин самт бояд сиёсати забонӣ ва иқтисодӣ ба таври ҳамоҳанг пеш бурда шавад. Таҳияи истилоҳоти дақиқ, омӯзиши иқтисод ба забони модарӣ ва боло бурдани маърифати иқтисодии мардум омили муҳимми рушди устувори миллӣ мебошад. Агар забон ҷаҳони муосирро ба таври илмӣ ифода карда натавонад, аз майдони илму фарҳанг тадриҷан канор меравад. Аз ин рӯ, бояд барои рушди забони тоҷикӣ дар соҳаи иқтисод тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






