Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид

Октябрь 5, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони марказ ва муҳаққиқони соҳа таҳти унвони «Нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода ҷойгоҳ ва аҳаммияти забони тоҷикиро дар низоми давлатдории миллӣ ва раванди рушди иҷтимоию сиёсӣ таъкид намуда, сиёсати забонӣ ва тадбирҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таҳкими забони давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки  «забони модарии мо, ки дорои таҷрибаи таърихӣ ва захираи ғании луғавӣ мебошад, давоми ҳазоронсолаҳо шакл гирифта, имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа имкони фарогирӣ ва истифода дорад. Бо фароҳам омадани Истиқлоли давлатӣ барои рушди забон дар ҳама арсаҳо шароити ҳуқуқӣ ва сиёсӣ муҳайё гардид ва дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими забони давлатӣ пайваста чораҳои мушаххас ва амалии судмандро ба роҳ мемонад».

Дар ин раванд давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030», ки 29 ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» равона карда шудааст.

Риояи меъёрҳои нави имло дар ҳуҷҷатгузории расмӣ, мукотибаи давлатӣ, маводи илмӣ ва воситаҳои ахбори омма на танҳо ба таҳкими низоми забони адабӣ мусоидат менамояд, балки барои ҳифзи воҳидии услуби забон ва пешгирии ихтилофоти имлоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Татбиқи ин қоидаҳо дар раванди таҳия ва истифодаи истилоҳот, навиштани номҳо, калимаҳои мураккаб ва унсурҳои сарфию наҳвии забон нақши муҳим дошта, сатҳи саводнокии умумии ҷомеаро боло мебарад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки  забони тоҷикӣ барои тавсифи мафҳумҳои иқтисодӣ дорои иқтидори кофӣ мебошад. Барои таҳкими мавқеи он дар ин самт бояд сиёсати забонӣ ва иқтисодӣ ба таври ҳамоҳанг пеш бурда шавад. Таҳияи истилоҳоти дақиқ, омӯзиши иқтисод ба забони модарӣ ва боло бурдани маърифати иқтисодии мардум омили муҳимми рушди устувори миллӣ мебошад. Агар забон ҷаҳони муосирро ба таври илмӣ ифода карда натавонад, аз майдони илму фарҳанг тадриҷан канор меравад. Аз ин рӯ, бояд барои рушди забони тоҷикӣ дар соҳаи иқтисод тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борони бошиддат ва жола дар назар аст
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд