Довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ дар даври сеюм аз нав ба қайд гирифта мешаванд

Октябрь 1, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 4 октябр азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 анҷом дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи тартиби муқаррарӣ, дар тақсимоти такрорӣ довталабоне иштирок карда метавонанд, ки дар тақсимот (-и асосӣ) дар асоси баллҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд.

Инчунин довталабоне, ки дар тақсимот (-и асосӣ) ба ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил кардан дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд ва ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд, иштирок мекунанд.

Барои иштирок дар ин тақсимот довталабони хоҳишманд бояд дар рӯз ва вақти дар паёмак нишондода, ки ба ҳар довталаб фиристода шудааст, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз нав аз қайд гузаранд. Агар довталаб бо ягон сабаб ин паёмак (SMS)‑ро дарёфт накарда бошад, барои гирифтани маълумот дар бораи рӯз ва макони азнавбақайдгириаш тавассути телефон (рақамҳо: 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахси масъули Марказ дар тамос шавад.

Бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ танҳо дар бинои асосии Марказ ва бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳонҳои Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 1, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид