Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии роҳбарони парламентҳои кишварҳо иштирок намуд

Октябрь 9, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи маҷозии роҳбарони парламентҳои кишварҳо — аъзои гурӯҳи дӯстони бетараф барои сулҳ, амният ва рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки  моҳи сентябри соли 2025 дар қатори 26 давлати дигар ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шудани Тоҷикистон, бахусус дар остонаи Соли байналмилалии сулҳу боварӣ, ки  дар Туркманистон эълон шудааст, рӯйдоди муҳим буда, дар равобити бисёрҷонибаи кишварҳо  нақши мусбат хоҳад дошт.

«Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон дар асоси меъёрҳо ва принсипҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ сиёсати «дарҳои кушод»-ро, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, пайгирӣ намуда, кӯшиш менамояд, ки бо ҳама кишварҳои олам сиёсати сулҳҷӯёна ва беғаразона пеш барад»,-гуфт Файзалӣ Идизода.

Иброз гардид, ки тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати мо ҳамеша омода аст, ки муносибатҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои мутақобили муфид, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории судмандро бо тамоми давлатҳои дуру наздик  ба роҳ монда, тақвият бахшад.

Дар ин замина бояд аҳаммияти рушди муносибатҳо ва пайравӣ ба арзишҳои таърихан шаклгирифта ва умумибашарии бетарафиро таъкид намуд, зеро онҳо имрӯз дар тамоми ҷаҳон бисёр зарур ва муҳим гардидаанд.

«Бетарафӣ дар ҷаҳони муосир бо таърихи беш аз сесаду ҳафтодсола на танҳо худдорӣ аз иштирок дар равандҳои муайян мебошад, балки воситаи ба расмият шинохташудаи таҳкими сулҳ, рушди устувор ва таъмини амният аст.  Бетарафӣ ҳамчун ниҳоди классикии ҳуқуқи байналмилалӣ дар таъмини сулҳи глобалӣ, амният ва рушди устувор, махсусан дар шароити ноустувории геополитикӣ ҳамеша нақши калидӣ бозидааст»,-изҳор намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Файзалӣ Идизода пешниҳод намуд, ки имконоти таъсиси барномаҳои муштараки таълимӣ ва баргузор намудани мулоқотҳои сатҳи баланд, ки ба таҳкими фарҳанги сулҳ дар байни ҷавонон равона гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд