Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон на танҳо тантана, балки рамзи устуворӣ, хирадмандӣ ва пешрафти мардуми Озарбойҷон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад. «Конститутсия — ин пояи асосии рушди ҳар як давлат, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин заминаи сулҳ ва субот аст. Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон имрӯз намунаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории созанда мебошанд. Кишварҳои мо робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ доранд, ки онҳоро арзишҳои муштарак ва суннатҳои дӯстона муттаҳид месозанд»,-гуфт Файзалӣ Идизода.
Иброз гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади асосии сиёсӣ-ҳуқуқии кишвар, ҳама арзишҳои муҳим ва пешрафтаро дар худ таҷассум намуда, истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва эътибори байналмилалии Озарбойҷонро таҳким мебахшад. Дар он заминаҳои устувори рушди пайваста, ваҳдати миллӣ ва суботи дохилӣ гузошта шудаанд, ки ба пешрафти босуботи кишвар дар шароити нави таърихӣ мусоидат менамоянд. Маҳз Конститутсия пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа, кафили суботи дохилӣ ва тамомияти миллӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки дар вазъияти ноустувори ҷаҳон ҳифзи субот ва манфиатҳои миллӣ танҳо бо роҳи ҳамбастагии ҷомеа, таҳкими ваҳдат ва такя ба арзишҳои конститутсионӣ имконпазир аст. Тавассути эҳтиром ба Конститутсия садоқати ҷомеа ба ормонҳои озодӣ, адолат, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон таҷассум меёбад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






