Горан Стеванович сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъин шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ситоди нави мураббиёни дастаи мунтахаби мамлакатро тасдиқ кард. Горан Стевановичи 58-сола сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Горан Стеванович тими миллии Ганаро дар солҳои гуногун роҳбарӣ карда, бо ин даста дар Ҷоми миллатҳои Африқо иштирок кардааст. Ҳамчунин ин мутахассиси сербӣ дар дастаи то 21-солаи Сербия низ фаъолият доштааст. Стеванович дар Ҷоми ҷаҳон-2006 ба ҳайси ёвари мураббии тими миллии Сербия фаъолият намудааст.
Дар сатҳи бошгоҳӣ бошад, Стеванович дастаҳои Сербия, Юнон ва Чинро роҳбарӣ кардааст.
Ба ситоди Горан Стеванович ду ҳамватанаш шомил хоҳад шуд. Радмило Азаниятс, ки қаблан дар бошгоҳҳои Қазоқистон (Тараз ва Атирау) кор кардааст, ёвари ӯ хоҳад буд. Милан Павлович, ки корномаи мураббигиаш дар бошгоҳҳои Сербистон, Чин ва Юнон идома ёфтааст, ёвари дуюми Стеванович мешавад.
Ба Стеванович Алифбек Беромов, сармураббии дастаи «Барқчӣ» низ ёрӣ мерасонад. Алишер Тӯйчиев дар тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо фаъолиятро идома медиҳад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






