Холид Ал-Фолеҳ: «Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон беш аз 14 лоиҳаро тавассути Фонди саудии рушд амалӣ намудааст»

Октябрь 14, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар изҳороти худ барои рӯзноманигорон иброз намуд, ки ҳайати сатҳи баланди Арабистони Саудӣ, ки аз намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ иборат аст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» иштирок дорад.

«Арабистони Саудӣ ифтихор дорад, ки аз аввалин давлатҳое мебошад, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст ва аз ҳамон замон то имрӯз дар татбиқи барномаҳои рушд ва пешрафти ин давлат шарики фаъол боқӣ мемонад», — изҳор дошт Холид Ал-Фолеҳ.

Ба андешаи ӯ, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз замони истиқлолияти Тоҷикистон то имрӯз тавассути Фонди саудии рушд дар беш аз 14 лоиҳа бо арзиши зиёда аз 300 миллион доллари амрикоӣ саҳм гузоштааст. Ба ғайр аз ин ҳамкорӣ бо Гурӯҳи ҳамоҳангсозии кишварҳои арабӣ, Бонки исломии рушд ва дигар муассисаҳои молиявӣ низ идома дорад.

Вазир таъкид намуд, ки яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои муштарак — Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамчун рамзи бузурги пешрафт ва худшиносии давлати Тоҷикистон дар таърих боқӣ мемонад.

Холид Ал-Фолеҳ ҳамзамон гуфт, ҳайати Арабистони Саудӣ, ки намояндагони бахши хусусиро низ дар бар мегирад, дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ иштирок менамояд. Ҳамчунин Шурои соҳибкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки соли 2024 таъсис ёфтааст, ҷаласаи дуюми худро баргузор мекунад.

«Дар натиҷаи сафарҳои мунтазам ба Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои бахши хусусии Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва ояндадор, аз ҷумла энергияи барқароршаванда, амволи ғайриманқул ва сайёҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Мо умед дорем, ки бо шиносоии бештари имконияти сармоягузорӣ тавассути чунин форумҳо ҳаҷми ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ боз ҳам афзоиш меёбад», — изҳор дошт вазир.

Холид Ал-Фолеҳ гуфт, ки «Арабистони Саудӣ ба рушди савдои дуҷониба ва воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва маъданӣ аз Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ширкатҳои пешрафтаи саудӣ, аз ҷумла ACWA Power, ки ҳайатро ҳамроҳӣ мекунанд, дар татбиқи лоиҳаҳои энергияи «сабз» ва содироти он аз Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Марказӣ ва минбаъд ба Аврупо нақши муҳим доранд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид