«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 27 октябр маросими қадрдонии ғолибони ҷойҳои ифтихории даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад

Октябрь 25, 2025 08:44

ДУШАНБЕ, 25.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр, соати 10:00 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими қадрдонии ҷойҳои ифтихории даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Зимни он омӯзгорон ва волидони ғолибони озмун низ бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба амалӣ гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) равона шуда, дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нави раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намуд.

Хонандаи Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам ва П.В дар шаҳри Ваҳдат Салоҳиддин Рабиев чор сол аст, ки дар номинатсияи «Математика» иштирок намуда, тавассути иштирок дар ин озмуни зеҳнӣ дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ менамояд. Новобаста аз он, ки ҳалли мисолу масъалаҳо барояш дар озмуни имсола душвор буд, ният дорад, ки солҳои оянда низ дар озмун иштирок намояд.

Хонандаи синфи 10-и Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ Адҳам Файзов иштирокчии даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи “Физика ва астрономия” аст. Ба иттилои ӯ, саволҳо барояш каме душвор буданд. Вале ӯ худро аллакай ғолиби озмун ҳисобида, иброз медорад, ки то ба даври ниҳоӣ расидан –ин худ ғалаба аст. Зеро дар даврҳои дигар низ саволҳо мураккаб буда, иштирокчиро ба фикр кардан ва ҳушёр будан водор месозанд. Аз ин хотир тасмим гирифтааст, ки солҳои минбаъда низ дониши худро такмил дода, дар озмун иштирок кунад.

Дар озмун донишу истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, дуруст фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли панҷум аст дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 25, 2025 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид