Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад

Октябрь 2, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 22+27  дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук,  рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ шабона борон борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво шабона 13+15 дараҷа ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 2, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд