Имрӯз дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад

Октябрь 10, 2025 07:30

ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Барои иштирок дар ҷаласа ба Тоҷикистон  Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон  Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ташриф оварданд.

Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ, аз қабили амнияти минтақавӣ ва глобалиро баррасӣ хоҳанд кард. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи гуфтугӯи сиёсӣ, тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дода мешавад.

Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санадҳои муҳимеро, ки ба густариши ҳамкории мутақобили судманд дар ин қолаби  бисёрҷониба мусоидат менамоянд, имзо менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раёсат мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2025 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард