Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад

Октябрь 10, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд дар водиҳо ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 10, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд