Имрӯз дастаи «Истиқлол» бо тими «Гоа»-и Ҳиндустон дар Лигаи дуюми чемпионҳои КФО-2025/26 бозӣ мекунад

Октябрь 1, 2025 15:41

ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни  дастаҳои Лигаи олӣ- дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз, 1 октябр нахустин бозии хонагии худро дар даври гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои  Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар мавсими 2025/26 баргузор менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дастаи «Истиқлол» бо тими «Гоа» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 18:45 ба вақти Душанбе мебошад.

«Истиқлол» дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Ғарб бозӣ мекунад, ки рақибони он дастаҳои «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Завроа» (Ироқ) ва «Гоа» (Ҳиндустон) мебошанд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа, ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 1, 2025 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад