Иштироки Раиси Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода дар Конгресси XXV INTOSAI дар шаҳри Шарм-аш-Шайхи Миср

Октябрь 30, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 30.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дар Конгресси XXV Созмони байналмилалии мақомоти олии аудит (INTOSAI) дар шаҳри Шарм-аш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Палатаи ҳисоб хабар доданд.

Дар ифтитоҳи кори ин чорабинӣ Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Матбулӣ иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Мақомоти олии аудитро дар таҳким ва рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзои созмон муҳим арзёбӣ намуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар Конгресси мазкур роҳбарон ва намояндагони мақомоти олии аудити 195 давлати аъзои Созмони Миллали Муттаҳид иштирок намуда, зимни он масъалаҳои муҳими соҳаи аудити давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки конгресси Созмони байналмилалии мақомоти олии аудит дар 3 сол як маротиба баргузор мегардад. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси аъзои комилҳуқуқи Созмони байналмилалии мақомоти олии аудит аз соли 2013 дар чорабиниҳои ин созмон иштирок намуда, дар пешбурди фаъолияти он саҳми назаррас дорад.

Конгресси навбатии созмон 27 октябр оғоз гардида, то 31 октябр идома меёбад.

АКС: Бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Палатаи ҳисоб

Октябрь 30, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид