Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев нишасти матбуотӣ доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ дар фазои корӣ, созанда ва судманд доир гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки сарони давлатҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуда, оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкории минбаъда дар доираи Иттиҳод табодули назар карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ тазаккур дод, ки тибқи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳои муҳим, аз ҷумла дар бораи таъсиси қолаби нави ҳамкорӣ бо номи «ИДМ плюс» ва додани мақоми нозир ба Созмони ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳод қабул гардиданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ин тасмимҳо ба фаъолияти байналмилалии Иттиҳод мусоидат намуда, обрӯ ва мавқеи онро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким мебахшанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон марҳилаи дуюми Барномаи амалҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодӣ мувофиқа ва қабул гардид. Инчунин Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи рушди саноати вазнини мошинсозӣ ба имзо расид, ки бо ташаббуси Тоҷикистон таҳия ва дар бахши энергетика Эъломия оид ба ҳамкорӣ дар таъмини амнияти энергетикии минтақа қабул карда шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки бо ибтикори Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои аъзои ИДМ таҳия гардид.
Сергей Лебедев, дар навбати худ, аз номи Кумитаи иҷроияи ИДМ ба роҳбарияти Тоҷикистон барои раёсати самаранок дар Иттиҳод изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки «ҳамаи ҳадафҳои дар давраи раёсат пешбинишуда пурра амалӣ гардиданд».
Ӯ ҳамзамон иттилоъ дод, ки бо қарори сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ ваколатҳои ӯ ҳамчун Дабири кулл барои як давраи дигар тамдид гардиданд, ва изҳор дошт, ки барои таҳкими ҳамкории байни давлатҳои аъзо фаъолиятро идома медиҳад.
Сергей Лебедев афзуд, ки ҷаласаи Душанбе бори дигар иродаи кишварҳои узви Иттиҳодро ба густариши муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ тақвият бахшид.
Дар фарҷом Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки баргузории муваффақонаи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе далели равшани самаранокии ин қолаби ҳамкорӣ ва нақши он дар таҳкими субот ва ҳамсоягии нек дар минтақа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2026 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон мегузарад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Директори генералии Вазорати федералии иқтисод ва энергетикаи Олмон мулоқот намуд
Дар Москва дар мавзуи саҳми Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули соҳаи тиб конфронси байналмилалии илмӣ доир шуд






