Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 9 октябр дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ табодул карда шуданд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таълими касбии дахлдори иловагӣ ва таълими касбӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин Ёддошти тафоҳум ҳамкории тарафҳоро дар бар мегирад. Он ба муттаҳид намудани саъю кӯшишҳои муштарак бо мақсади рушди муносибатҳои шарикии иҷтимоӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти иловагии касбии дахлдор ва таҳсилоти касбӣ аз рӯйи касбу ихтисосҳои серталаб, нав ва ояндадор равона шудааст.
Ёддошти тафоҳум ба таҳия ва амалӣ намудани барномаҳо, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштарак бо мақсади мусоидат ба ҳамкорӣ, ҳамчунин табодули таҷриба ва маълумот оид ба масъалаҳое, ки ба танзими ҳуқуқӣ ва меъёрии таҳсилоти касбӣ марбутанд, инчунин иштирок дар барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мубодилаи таълимгирандагон, кадрҳои омӯзгории соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти иловагии касбии дахлдор ва таҳсилоти касбӣ мусоидат менамояд.
Ин санад ба табодули дуҷонибаи ҳайатҳои коршиносон, тренерон, таълимгирандагон, омӯзгорон ва дигар кормандони ташкилоти таълимие, ки барномаҳои таълимиро амалӣ мекунанд, аз ҷумла дар доираи табодули байналмилалии академӣ мусоидат мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






