Маликшо Неъматзода: «Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 150 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд»

ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Миллате, ки дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз забони хеш, ки олитарин мерос аз аҷдоди ӯст, ба таври устувор ва босадоқат кӯшиш ба харҷ намедиҳад, ояндаи он бас тира хоҳад буд, балки он ҳамчун миллат оянда надорад. Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 150 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд, ки дар Тоҷикистон, Узбекистон, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, Афғонистон ва дигар кишварҳои дуру наздик сокинанд.
— Дар олам аз забони модарӣ муқаддастару азизтар чизе нест. Забон ва сухан давру замонҳоро ба ҳам мепайвандад ва дар пешрафти илму дониш ва пешрафти ҷомеа аҳаммияти бузург дорад. Аз ин ҷост, ки забон дар баробари миллат пайдо шуда, ба миллат руҳ мебахшад ва ҳамчун тафаккури аслии миллат метавонад онро ба қуллаҳои баланди мурод бирасонад ва пояндаву устувор нигоҳ дорад.
Вақте ки забон нобуд мешавад, миллат нобуд мешавад, чунки тан бе руҳ вуҷуд надорад. Ҳамзамон забон яке аз рукнҳои муҳимму асосии давлатдорӣ аст.
Дар Тоҷикистон забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст. Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд, тозагӣ, омӯзиш ва густариши он дар тамоми соҳаҳои ҳаёт пайваста ҷаҳд менамояд.
Ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша сарчашмаи эҳсосоти бузург буда, аз ҷумлаи муқаддастарин мафҳумҳо маҳсуб мешавад. Бо шарофати заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони арҷманди халқи тоҷик забони тоҷикӣ пас аз садсолаҳо боз мақоми забони давлатиро касб намуд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 барои тарвиҷи забони тоҷикӣ роҳи васеъ кушод. Дар ин санади муҳимму арзишманд масъалаҳое инъикос гардидаанд, ки мавриди амал қарор гирифтани онҳо омили рушди ҳамаҷонибаи забон мебошанд.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, ҳама шаҳрвандони худшиносу ватандӯсти кишварро ба гиромидошти забони модарии хеш водор менамояд.
Мардуми мо дар баробари дигар ёдгориҳои маънавии аҷдодони худ тавонистааст, ки ин ганҷинаи беҳамторо ҳифз намуда, то ба имрӯз расонад ва ба он мақоми забони давлатӣ диҳад.
Забони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хайёму Ҷомӣ, Шоҳину Аҳмади Дониш, ки ба унвони забони шеъру адаб асрҳост пойдору маъруф аст, то имрӯз ба ҷаҳониён паёми сулҳ ва аз ваҳдат башорат медиҳад.
Бо вуҷуди он ки мардуми тоҷик давоми таърих мавриди ҳамлаи бодиянишинон қарор гирифта, шаҳрҳои таърихии худро аз даст дода бошад ҳам, вале забони модарии худро ҳифз кардааст.
Ба қавли шоири тавонои тоҷик устод Бозор Собир:
Оҷ гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард,
Тахт гум карду забонро гум накард,
Рахт гум карду забонро гум накард,
Бахт гум карду забонро гум накард.
Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа — забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ду ҷанба- мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар, хатари аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд.
Бино ба назари пажӯҳишгарон, дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Забони тоҷикӣ аз лиҳози муқтадир ва ғанӣ будану гуногунии калимаҳои нобаш яке аз забонҳои боэътимоди ҷаҳон маҳсуб мешавад. Васеътарин луғат, ки онро Деҳхудо собит кардааст, луғати вожаҳои тоҷикиро дар 18 ҷилд ва маъноҳои онҳоро дар 6 ҷилд тартиб додааст, зарфияти дар бар гирифтани 225 миллион калимаро дорад.
Забони тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ) ба шохаи эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб буда, аз гӯишҳои ориёиҳои қадим (ҳинду эрониён) сарчашма мегирад, ки қисме аз онҳо дар охири ҳазораи 2-юм – ибтидои ҳазораи 1 пеш аз милод аз Осиёи Миёна ба паҳнкӯҳи ғарбии Эрон пеш рафтаанд ва дар ин ҷо дар минтақаи таърихии форсизабонҳо (порсӣ) маъруф шудаанд.
Дар ибтидои асри IX дар замони Сомониён забони тоҷикӣ, ки дар осори хаттӣ бо номи дарӣ ё форсӣ-дарӣ маъруф аст, пеш аз ҳама, забони давлатӣ қабул карда шуд. Мукотиботи расмӣ оид ба масъалаҳое, ки ба дин алоқа надоранд, пеш аз ҳама, бо ҳамин забон доир мешуданд. Ин давра ибтидои адабиёти классикии тоҷику форс маҳсуб мешавад.
Яке аз осори насрии замони Сомониён, ки ба забони дарӣ навишта шудааст, муқаддимаи насри «Шоҳнома» мебошад, ки соли 957 таълиф шудааст. Асари дигаре, ки ба забони дарӣ таълиф шудааст, тарҷумаи арабии «Таърихи Табарӣ» ва тарҷумаи китоби арабии «Тафсири Табарӣ» (Тафсири Қуръон) мебошад. Ин «Шарҳ» аз 14 ҷилд иборат буда, соли 962 аз ҷониби олимони Мовароуннаҳр тарҷума шудааст.
Забони форсии тоҷикӣ давоми беш аз ҳазор сол яке аз забонҳои умдаи илмӣ ва байналмилалӣ будааст. Қобили зикр аст, ки тоҷикон аз қабилаҳои қадимии ориёии суғдиён ва бохтариён мебошанд. Яке аз хати қадимтарин дар таърихи башарият дар Суғдиёна пайдо шуда, забони суғдӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон то имрӯз боқӣ мондааст.
Забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ давоми зиёда аз ҳазор сол на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар тамоми Шарқи Наздик, Қафқоз ва Ҳиндустон ҳам васеъ истифода мешуд.
Боиси тазаккур аст, ки давоми ҳазорсолаҳо шоирону мутафаккирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақиқӣ, Саъдию Ҳофиз ва Ҳилоливу Бедил бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар соҳибзабон мебошад.
Забони тоҷикӣ имрӯз низ забони илму адабу фарҳанг буда, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бо забони давлатӣ мегузаранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, барои инкишофи забон саъю талош менамоянд.
Бо сифати баланд нашр ва дастрас гардонидани шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба ҳар хонаводаи кишвар ва дар соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон эълони озмуни «Шоҳномахонӣ», ки бо иқдоми неку фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, гувоҳи возеҳи баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ ва бо ин роҳ тақвият бахшидани эҳсоси худшиносии миллӣ мебошад.
Таваҷҷуҳи хосса ба «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ беҳуда нест. Донишмандон, олимон ва мусташриқони маъруф, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Е.С.Бертелс, А.Н.Болдирев, Н.М.Османов, М.М.Дяков, Муҳаммад Тақии Баҳор, Муҳаммад Муин, Парвиз Нотили Хонларӣ ва дигарон ҳангоми пажӯҳиши масаъалаҳои умдатарини таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқҳои Эрону Мовароуннаҳру Хуросон, инчунин забону адаби тоҷикӣ-форсӣ дар бораи бурду бохт, латофату назокати забон, устувориву шавкати забони тоҷикӣ дар алоҳидагӣ ва дар намунаи ашъори адиби алоҳида андешаҳои арзишнок баён намудаанд. Аз ҷумла, дар бораи «Шоҳнома» ва паҳлуҳои гуногуни ин шоҳасар ҳамчун намунаи забони ноби тоҷикӣ шуруъ аз устод Садриддин Айнӣ то имрӯз муҳаққиқону донишмандони бешумор бо забонҳои мухталиф пажӯҳишҳои арзишманде анҷом додаанд. Имрӯзҳо низ ин ҷараён идома дорад, ки ба вусъат бахшидани соҳаҳои фаъолияти забони тоҷикӣ мусоидат намуда, дар мукаммал гардонидани захираи луғавии забон ва усулҳои вожасозиву интихоби калимаҳои забони муосири тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Забони ноб ва орӣ аз ҳар гуна вожаҳои бегонаи Фирдавсӣ ифодагари забони зиндаи даврони будубош ва гузаштаи ӯ мебошад. Ҳамин аст, ки «Шоҳнома» интиқолдиҳандаи забон ва вожаҳои роиҷи забони адабиёти классик буда, истифодаи ин забон имрӯз барои пешрафти забони тоҷикӣ мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, яъне забони зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикиро аз ҷумлаи ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ арзёбӣ намудаанд. Зеро забони тоҷикӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо — тоҷикон аст.
Забони мо дар марҳалаҳои ҳассоси таърихӣ ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст.
Ин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳё ва густариши забони давлатӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилатадбирҳои судманд амалӣ гардиданд.
Забон қувваи арзишмандест, ки ба ҳар яки мо дар ташаккул ва рушди шахсӣ ва ҷамъиятӣ имконият медиҳад.
Забон на танҳо воситаи интиқол ва таблиғи маълумот мебошад, балки василаи баёни фикру андеша аст ва андеша ифодагари моҳияти инсон дар идомаи ҳастӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи забон ва рушди он бояд ҳамеша ба сифати асосӣ дар стратегии иҷтимоӣ ва сиёсӣ инъикос ёбад, зеро бе забон ифодаи муқаррарии моҳияти инсонӣ ва худшиносии миллию фарҳангӣ дар хатар мемонад.
Воқеан, дар даврони ҷаҳонишавӣ, ки худшиносӣ ва муқаддасоти миллӣ таҳти фишор қарор дорад, ҳифзи забон ба маънои ҳимояи давлат, миллат, ҷомеа ва идомаи фарҳангӣ қарор мегирад ва онро бо масъулияти бузург бояд дар мадди аввал гузошт.
Маликшо НЕЪМАТЗОДА,
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон