Масъалаи пайваст намудани муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба интернет баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи мусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ ва пайваст намудани ҳар муассисаи таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интернет ва татбиқи амалии ташаббуси «GIGA» дар мамлакат 23 октябр зимни вохӯрии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо ҳайати Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) таҳти роҳбарии ҳаммуассис ва ҳамраиси ташаббуси «GIGA» Кристофер Фабиан баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд.
Аз ҷониби шарикони рушд иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси муштараки Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) ва Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия (ITU) то имрӯз харитаи ҷойгиршавии мактабҳоро дар 142 кишвари ҷаҳон таҳия намудаанд.
Иброз гардид, ки дар доираи эълони Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030) дар Тоҷикистон ин ташаббус ҳамчун барномаи амалӣ дар мамлакат татбиқ мегардад. Мақсадҳои он ба пешбурди ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди соҳаҳои иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ метавонанд мусоидат кунанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амилӣ гардонидани ин ташаббус муколамаи мунтазамро идома диҳанд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






