«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо

Октябрь 16, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар телекоми муосир технологияҳо нақши муҳим доранд, вале дастовардҳои ҳақиқиро одамон ба вуҷуд меоранд. Дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» кормандони зиёде ҳастанд, ки роҳи худро аз маркази тамос – зангҳои нахустин ва муошират бо муштариён оғоз намуда, бо мурури вақт то сатҳи роҳбарон ва мутахассисони калидӣ расидаанд. Саргузашти онҳо далели он аст, ки то чӣ андоза бо касбият, далерӣ ва муҳаббат нисбат ба касбу кори худ таҳдиду мушкилиҳоро ба имконият табдил медиҳанд, ба командаҳо илҳом мебахшанд ва ба пешравии ширкат мусоидат мекунанд.

Фарҳод Шаймурадов: фурӯшҳо бо пешгузарӣ

Роҳи Фарҳод аз вазифаи мушовир дар маркази тамоси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» оғоз ёфта буд. Як сол пас номбурда ба вазифаи мутахассис оид ба рушди каналҳои алтернативии фурӯшҳо таъйин гардида, сипас аз озмун ба вазифаи менеҷер оид ба рушди чаканаи хусусӣ гузашт. Баъдан номбурда роҳро аз вазифаи менеҷери пешбари хадамоти фурӯшҳо то роҳбари хадамоти фурӯшҳо тай намуд.

Таҳти роҳбарии ӯ ширкат самтҳои нав ба роҳ монда, аз ҷумла тарзи амали системавиро нисбат ба фурӯши тарофаҳои гаронарзиш ҷорӣ намуда, фурӯшҳои фирмавиро  дар ҳудуди тамоми мамлакат васеъ намуд. Ин қадамҳо мавқеи ширкатро дар бозор устувор намуда, исбот карданд, ки қарорҳои ҷиддӣ доимо натиҷаҳои хуб меоранд.

Фарҳод мутмаин аст, ки пешакӣ пурра ба нақша гирифтани қадамҳо ва наҳаросидан аз дигаргуниҳо яке аз роҳҳои асосии ноилшавӣ ба муваффақият маҳсуб меёбанд.

Ӯ ҳавасманди он аст, ки доимо дар ҳаракат бошад, мақсадҳои навро амалӣ гардонад ва дар ҷустуҷӯи имконияти навин бошад. Маҳз ҳамаи ин ба команда ва ширкат имкон медиҳад, ки ба пешравиҳо мушарраф шаванд.  

Гулноза Юлчиева: автоматизатсия ҳамчун драйв

Гулноза фаъолияти худро дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба ҳайси мушовири хадамоти мизоҷон оғоз карда буд. Ӯ баъдан мушовири калон шуда, сипас ба шуъбаи назорати сифат гузашт ва дар он ҷо ҳамчун менеҷер фаъолият менамуд. Баъдан ба вазифаи нозири буҷавии Департаменти хизматгузориҳои инноватсионӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таъйин гардида, имрӯз роҳбарии шуъбаи назорати сифатро ба зимма дорад. Сафари ӯ нишон медиҳад, ки чӣ гуна ҳавасмандии дохилӣ ва таваҷҷуҳ ба тафсилот ба рушди касбӣ ва тағйироти воқеӣ оварда мерасонад.

Яке аз лоиҳаҳои асосии Гулноза автоматикунонии ҳисоботи CSI буд. Қаблан кормандон барои дастӣ тайёр намудани ҳисобот вақти зиёд сарф мекарданд. Бо шарофати ташаббуси номбурда ин раванд нисбатан босуръат ва дақиқ шуд. Менеҷерон барои кор бо муштариён вақти бештар пайдо намуда, сифати таҳлил то сатҳи назаррас такмил ёфт. Номбурда мутмаин аст, ки бе масъулият ва кори дастҷамъона комёб шудан ғайриимкон аст. Ин хислатҳо ба ӯ кумак намуданд, ки то сатҳи роҳбарӣ расида, фазои боварӣ ва дастгириро фароҳам орад. Шиори вай одист: вакте ҳар нафар «бо идеяҳо оташ мезанад» ва ба дигарон ёрӣ мерасонад, натиҷаҳо ногузир ба даст меоянд.

Фирӯзҷон Ғуломов: неруи тағйирот

Корро дар вазифаи онлайн-мушовири ширкати «МегаФон Тоҷикистон» оғоз намуда, Фирӯзҷон доимо ҳаракат менамуд, ки равандҳоро беҳтар намояд. Соли 2020 ӯ мутахассиси калони хадамоти мизоҷон таъйин шуда, дар айни замон ин самтро роҳбарӣ мекунад. Ба ҳамкорон бо тарзи махсуси корбарии худ ва ҳаракат ба тағйирот илҳом мебахшад.

Номбурда ҷадвали мувофиқи кориро барои коргарон амалӣ намуда, ҳисоботҳои кӯҳнаро автоматӣ намуд. Лекин сарфи назар аз шубҳаҳои аввала маҳсулнокии меҳнат афзуд, интизом боқувват карда шуд ва вақти омода намудани ҳисобот қариб ду баробар коҳиш ёфт.

Фирӯзҷон худро қисми ҷудонопазири команда меҳисобад. Неруи бузург ва ҳавасмандии баланд ба ӯ дар расидан ба вазифаи роҳбарӣ мусоидат намуданд. Миннатдории самимии муштариён барои кори босифати даста ҳаваси номбурдаро ба кор боз ҳам зиёдтар менамояд. 

Саида Файзуллоева: меҳрубонию дилсӯзӣ ҳангоми кор бо муштариён

Саида ба ширкат ба вазифаи хазинадори идораи хизматрасонии МегаФон Тоҷикистон омада буд. Аллакай пас аз шаш моҳ номбурда мутахассиси калон таъйин карда шуда, сипас ба вазифаи менеҷер оид ба баррасии муроҷиатҳои шикоятӣ гузашт. Имрӯз ӯ роҳбарии зерсохтори калидӣ – шуъбаи идоракунии муносибатҳо бо мизоҷонро бар дӯш дорад.

«Ҳар муроҷиати муштарӣ дарси нав аст», — мегӯяд Саида. Барои номбурда кор на танҳо роҳи ҳалли мушкилиҳост, балки инчунин имконияти дарк намудани эҳсосоти одамон ва табдил додани таҷрибаи кор ба онҳо ба таҷрибаи мусбат ба шумор меравад. Номбурда ба он бовар аст, ки ҳар муроҷиат барои беҳтар намудани робитаи муштарӣ бо ширкат имконияти беҳтарин аст.

Хислати асосии Саида – меҳрубонию дилсӯзист. Қобилияти шунавидан ва эҳсос кардан дар пайдо намудани роҳҳои ҳал ҳатто дар ҳолатҳои мураккабтарин кумак мерасонад. Барои ӯ суръати эътино, омодагӣ ба қабули қарорҳо ва дастгирии команда хеле муҳим мебошад. Маҳз коллектив ва табодули таҷриба ба ӯ неру мебахшанд ва ба пешравиҳои нав водор месозанд. 

Фирӯза Мавлоназарова: телемаркетинг бо натиҷа

Фирӯза фаъолияти худро дар МегаФон Тоҷикистон дар вазифаи мушовири маркази тамос шуруъ карда буд. Номбурда ҳам ба муштариёни тоҷикистонӣ, ҳам ба муштариёни МегаФон, ки дар Русия қарор доранд, хизмат мерасонид. Сипас ба вазифаи мушовири калон таъйин шуда, баъдан ба шуъбаи назорати сифат гузашт.

Соли 2020 аз озмун ба вазифаи менеҷери калон оид ба ҳисоботнокӣ ва банақшагирӣ гузашт. Аз соли 2023 ба сифати менеҷери пешбар оид ба ҳисоботнокӣ ва банақшагирии самти фурӯшҳо кор менамуд. Ҳоло  Фирӯза роҳбарии шуъбаи телемаркетинги ширкатро ба зимма дорад.

Ӯ мутмаин аст, ки муваффақият дар ҳаракати пайваста дар самти ноилшавӣ ба ҳадафҳо, мунтазамӣ ва қобилияти илҳомбахшӣ ба дигарон аст. Номбурда дар ҳар лоиҳа имконияти рушд кардан ва ба пешравиҳо ноил шудани командаро мебинад. Сирри муваффақияти ӯ азму иродаи кавӣ ва маҳорати роҳбарӣ мебошад.

Наргис Ёрова: муколама ба ҷойи қолабҳои обшуста

Наргис роҳро аз вазифаи мушовири маркази тамос то менеҷер оид ба фурӯшҳо, сипас то вазифаи менеҷери калон ва пешбари шуъбаи назорати сифат тай кардааст.

Имрӯз ӯ роҳбарии самти таҷрибаи кор бо мизоҷон ва рушдро ба зимма гирифтааст.

Наргис тафаккури системавӣ, қобилияти гӯш кардан ва ташаббускориро қадр мекунад. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки тамоми роҳи мизоҷро ба назар гирифта, нуқтаҳои инкишофро пайдо намояд.

Командае, ки илҳом мебахшад

Шаш саргузашти гуногун – шаш нигоҳи мухталиф ба муваффақият. Касе диққати махсусро ба технологияҳо равона мекунад, нафари дигаре – ба меҳрубонию дилсӯзӣ, шахси сеюм  – ба пешсафию ташаббускорӣ. Лекин ҳамаро як мақсад муттаҳид менамояд: хоҳиши ташкили арзишҳо барои муштариён ва роҳбаладию раҳбарӣ кардани командаҳо.

«МегаФон Тоҷикистон» ифтихор аз он дорад, ки теъдоди мутахассисони боистеъдод, ки ширкатро тағйир медиҳанд, ба рушди соҳа мусоидат мекунанд ва ояндаи телекоммуниктсияҳоро дар ҷумҳурӣ дар ҳамин ҷой худи ҳозир ташаккул медиҳанд, торафт зиёд мегардад.

Мехоҳед узви командае бошед, ки дар он идеяҳо, далерӣ ва кӯшишҳои ноилшавӣ ба муваффақияти касбиро қадр мекунанд? Пас роҳи Шумо ин ҷой оғоз меёбад: https://jobmf.tj/.  Бипайвандед!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Октябрь 16, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд